Брайан Ҳук: эрониҳо ҷойи кор мехоҳанд, на лаънат хондан ба Амрико
Дипломати баландпояи ИМА ба президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, ки ба ҷойи даъвати эрониҳо барои лаънат хондан ба Амрико, дар заминаи иқтисоди фалаҷ, онҳоро бо ҷойи кор таъмин кунад.
Рӯзи сешанбе дар номае бо забони форсӣ дар твиттер Брайан Ҳук, намояндаи вежаи ИМА дар умури Эрон, ки гоҳо ба изҳороти мақомоти баландпояи ин кишвар посух медиҳад, навишт: "Дар посух ба иқтисоди фалаҷ Рӯҳонӣ аз мардуми Эрон даъват кард, ки ба Ийолоти Муттаҳида, Исроил ва Арабистони Саудӣ лаънат фиристанд! Бо рӯ овардан ба лаънат ва сеҳру ҷоду ӯ мехоҳад масъулияти мушкили иқтисодиро бар души дигарон бор кунад",- гуфт Брайан Ҳук.
Рӯзи 18 март Ҳасан Рӯҳонӣ дар сӯҳбати телевизионӣ аз эрониҳо даъват кард, ки ба ИМА, Исроил ва Арабистони Саудиро лаънат фиристанд. Изҳори назари Рӯҳонӣ талоши муттаҳам кардани ИМА барои иқтисоди фалаҷшудаи Эрон буд. Вашингтон соли гузашта аз қарордоди ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ, ки даст кашидани Эрон аз барномаҳои ҳастаӣ ба ивази сабукӣ дар таҳримҳоро пешбинӣ мекард, хориҷ шуд ва таҳримҳои зидди Теҳронро дубора барқарор кард.
Рӯҳонӣ, соли 2017 бо ваъдаи рушди иқтисод ба қудрат расид, иддао кард, ки "Амрико мехоҳад Эронро "таҳти султаи худ қарор диҳад".
Баъди берун шудани ИМА аз қарордоди ҳастаии соли 2015 бо Эрон, иқтисоди ин кишвар ва ҳамин тавр пули милии Эрон шадидан коҳиш ёфт ва нархҳо осмонӣ шуданд. Соли гузашта мавҷи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ Эронро фаро гирифт. Буҳрони иқтисодӣ шадидан ба Эрон зарба зад ва мунақидон ошкоро истеъфои Ҳасан Рӯҳониро талаб карданд.