Устопириён дар набарди Боку аз медал маҳрум шуд
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – ҷараён дорад, имрӯз, 24-уми сентябр, дар вазни зери 90 кило рақобат карда, аз медал бенасиб монд.