Тоҷикон аз Русия беш аз 2 млрд доллар пул фиристодаанд
Муҳоҷирони корӣ соли 2017 аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар пул фиристодаанд. Ин рақам дар муқоиса ба омори соли 2016 – 31 дарсад бештар аст, аммо ҳамоно аз нишондоди солҳои то бӯҳрони иқтисодии Русия камтар гуфта мешавад.