Низомхон Ҷӯраев дар Украина пайдо шуд
Низомхон Ҷӯраев, раиси пешини корхонаи кимиёи Исфара ва яке аз тоҷирони сарватманд, ки тақрибан чаҳор соли пеш ба таври мармуз аз зери назари мақомоти тоҷик “ғайб” зада буд, дар Украина пайдо шуд. Ин тоҷири тоҷикро аввали моҳи январ дар шаҳри Бориспол дастгир кардаанд.